Вай гуфт „Ҳа“
Мисти Бёрнелл
20-уми апрели с.1999, дар рӯзи таваллуди Гитлер, ду нафар мактаббачаҳои яроқдор ба мактаб даромаданд ва чӣ қадар одамонеро, ки тавонистанд, куштанд. Ба назди духтарин 17-сола Кесси Бёрнелл омада, онҳо яроқро ба сараш монданд ва пурсиданд: „Ту ба Худо бовар мекунӣ?“ Вай гуфт „ҳа“. Он гоҳ қотил хандид ва куланги милтиқро зер кард.
Одамони тамоми ҷаҳон Кессиро риёзаткаши ҳозиразамон номиданд, вале аз ҳама муҳимаш ногуфта монд. Се сол пеш аз ин Кесси худаш барои куштани муаллим ва худкушӣ нақша кашид. Дар ин китоб модари вай карор дод, ки нақл кардан дар бораи ҳолати ҳаяҷоновари тағйирёбие ки духтари ӯро ба охирин муқобилаи қаҳрамонона овард, нақл кунад.
„Қувваи воқеаи Кесси Бёрнелл аз он иборат аст, ки ӯ худаш қариб ба нашъамандӣ, сеҳри ҳаром ва хаёлоти бераҳмона ғелида буд, вале тавонист аз ҳамаи ин даст кашад“.
Гардиан