KITABI-KNIGI

Робита бо падар

Ҷош Макдауэлл

URL copied to clipboard
Language
Тоҷикӣ
Categories

Қувваи робита бо падарро барои худ ошкор намо

„Ҳангоме ки ман падари ҷавон будам, маро тарс фаро гирифта буд. Ман худро тамоман нокомил ҳис мекардам ва метарсидам, ки фарзандонам ба таъсири маданияти ҳозира дода мешаванд. Ман мефаҳмидам, ки ҳеҷ кафолате буда наметавонад, аммо чунин ҳисобидам, ки агар модели ибтидоии падариро ёфта, ба он пайравӣ намуда метавонистам, барои пирӯзӣ имконияте медоштам“.

Ҷош Макдауэлл

Ҳар як падар мехоҳад, ки фарзандонаш:

  • худро маҳбуб ва ҳимояшуда ҳис кунанд;
  • дар худ пуррагии хислатро тарбия намоянд;
  • гуфта тавонанд, ки падари онҳо ҳамеша ба ваъдаҳояш вафо мекунад;
  • ба таъсири носолими ҳамсолон муқобилат кунанд;
  • аз истеъмоли май ва маводи мухаддир канораҷӯӣ кунанд;
  • ҳаёти ҷинсиро танҳо дар никоҳ сар кунанд;
  • ба падар барои маслиҳат муроҷиат намоянд;
  • ноҳақ будани худро эътироф карда тавонанд;
  • ҳангоме ки мушкилот ба миён меоянд, назди падар оянд;
  • аз падар ба ваҷд оянд ва ӯро эҳтиром намоянд.

Дар китоби худ „Робита бо падар“ Ҷош Макдауэлл оиди модели ибтидоии падарӣ сухан меронад: оиди даҳ сифате ки ба якдигарфаҳмӣ ва мувофиқат дар муносибатҳо бо фарзандон мусоидат мекунанд. Бо ёрии ваҳйҳои Китоби Муқаддас ва намунаҳои равшан шумо оиди тарзи нави муносибат ба падарӣ мефаҳмед, ки боиси барпо гардидани системаи мустаҳками арзишҳо дар фарзандонатон мегардад ва ба онҳо имкон медиҳад, ки ҳамеша дар зиндагӣ интихоби дуруст кунанд.