
Дар танҳоӣ ҳабс шудан, солҳои шиканҷаву азоби ҷисмонии такрорӣ, азобу уқубати доимӣ бо гуруснагӣ ва хунукӣ, ғаму андӯҳи шустани мағз ва азоби фикрронӣ – ин таассуроти шубони румынягӣ мебошад, ки дар муддати 14 сол дар ҳабсхонаи коммунистӣ бандӣ буд.
Ҷинояти ӯ, монанди ҳазорҳо одамони дигар, танҳо имони гарм ба Исои Масеҳ ва барои дар бораи имонаш дар пеши омма шаҳодат додан буд.
Вай дар хонаҳо, дар таҳхонаҳо, дар ҷангалҳо – баъзан дар кунҷи кӯчаҳо дар пеши омма мавъиза мекард – ҳамаи инро имондорони вафодор шаҳодат медоданд, гарчанде ки нархи оқибати амалҳояшонро медонистанд.
Ин таърихи онҳо – гузориши намунавии далерӣ, имони мустаҳкам ва сабри ғайриоддӣ аст. Ин таърихи калисои пинҳонӣ азоби давомноки калисоҳои зиёди ҳозираи ин ҷаҳонро ба хотирамон меорад.