Kitabi KnigiKITABI-KNIGI

Дилҳои афрӯхта

Садои риёзаткашон

URL copied to clipboard
Language
Тоҷикӣ
Translations
Categories

Cуханони хайрбодии падари Тара духтари 16-соларо ба фикре водор карданд – вай бояд гурезад, то ки ҳаёти худро наҷот диҳад. Тара – духтари шахси дар Покистон маъруфи мусулмон, ки вайро то ниммурда шуданаш зарбу лат карда буданд – чун маҳбуси зиндон, бе хӯрок ва ёрии тиббӣ, дар ҳуҷраи худ бандӣ гашта буд.

Сабаби ҳамаи ин он буд, ки ӯро ҳангоми хондани Китоби Муқаддас ғофилгир карданд.

Қиссаи Тара яке аз ҳашт қисса оиди занҳои масеҳии нотарс аст, ки „Дилҳои афрӯхта“ ба онҳо бахшида шудааст. Духтари вйетнамӣ, ки барои дар кишвари коммунистии худ башорат додани Хушхабар аз озодӣ даст кашидааст, миссионерзани австралиягӣ, ки баъди аз ҷониби мутаассибони деҳотӣ зинда ба зинда сӯзонда шудани шавҳар ва писаронаш дар Ҳиндустон бахшоиш ва шифоёбиро мавъиза мекунад – ин занон душвориҳои фавқулоддаро паси сар карда, дар гӯшаву канорҳои гуногуни сайёраамон сарварон ва ходимони калисои пинҳонӣ шуданд.