Агар ту аз чунин вазъиятҳо хаста шуда бошӣ, ин китоб маҳз барои туст!
„Ба ҳар чизе ки мегӯянд, бовар накун“ ба саволҳои душвортарине ки на танҳо аз шиносҳоят мешунавӣ, балки ба худат низ дода метавонӣ, ҷавоб медиҳанд. Охир, шубҳа (чуноне ки дар ин китоб мефаҳмӣ) нахустволиди имон аст. Танҳо он муҳим аст, ки шубҳа ҷои худро ба имон диҳад. Ва дар ин кор ба ту муаллифи маъруф Ҷош Макдауэлл ва ҳаммуаллифи ӯ Боб Ҳостетлер ёрӣ медиҳанд. Ҳазли нишонраси онҳо, дониши амиқи Китоби Муқаддас ва таҷрибаи ғании зиндагӣ саёҳати туро дар ин китоб на танҳо пандомӯзона, балки шавқовар низ мегардонанд.
Ба шаккокон имкон надеҳ, ки ҳаёти туро заҳролуд кунанд! Китобро гир ва пеш аз он ки асотирҳо бар ту дастболо шаванд, муборизаро бар зидди онҳо сар кун!
Languages
- Тоҷикӣ
- Azərbaycan (Latin)
Categories