KITABI-KNIGI

Tашнагии ҳақиқат

Ҷорҷ Вeрвeр
Read

Дар рӯзҳои ҳозира мо шикоят карда наметавонем, ки аз гуруснагии рӯҳонӣ мурда истодаем. Ба шарофати ғамхории беинтиҳо ва бовафогии хизматгорони Худо мо метавонем таълимоти мукаммал, рӯҳбаландкунӣ, дастгирӣ ва ғамхориро дошта бошем.

Моро дунёи мавъизаҳо, сурудҳо, мулоҳизаҳо, баромадҳо, китобҳо, маҷаллаҳо ва конфронсҳо иҳота мекунанд, ки иштирок ва дар рӯҳ афзудани моро интизор аст. Ба ин нигоҳ накарда, агар ростқавлона нигоҳ кунем, мефаҳмем, ки аз ин дар зиндагии мо тағйироти калон ба амал намеояд.

Магар ин зиддиятро бартараф карда, ба ҳаёти духела интиҳо мондан мумкин аст? Магар Масеҳ метавонад зиндагии моро пайдарҳам ва пурмева гардонад? Ҷавоби ман „Ҳа!“ Дар натиҷа ҳар яки мо метавонад зиндагии на бенуқсон, балки ҳақиқиро, на осон, балки пур аз хурсандиро ба даст оварад. Зиндагии мо метавонад тағйир ёбад.

Ҷорҷ Вервер муассисаи миссионерии „Ваъда ба ҷаҳон“-ро таъсис дода, қариб сӣ сол сарвари амалиёти он буд. Ӯ бо мавъизаҳои худ дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон хизмат мекунад.

  1. hunger-for-reality--tg
    pdf
    Open
  2. hunger-for-reality--tg
    epub
    Download
Languages
Categories