Шояд аз ман пурсед, ки чаро ин китобро навиштаам? Ҷавоби ман дар номи китоб аст: барои ман Масеҳ баҳори абадист. Ман баҳорон имон овардам. Ва дар иди Фисҳ ба калисои Илёси пайғамбар, ки дар масофаи 50 метр аз маҳалли истиқомати ман аст, рафтам. Дар кӯча одамон бисёр буданд, ва коҳин ба балкони калисо баромада ҳамаро бо нидои фисҳӣ табрик мекард: „Масеҳ эҳё шуд!“ Ва ҷони ман бо чунон ваҷду сурур „Ҳақиқатан эҳё шуд!“ гуфта ҷавоб медод, ки дилам аз шодӣ қариб берун меҷаст. „Рӯҳи ҳар як ид ҳузури ҳамон касест, ки ӯро ҷашн мегирад“ (Филарет Московский). Ва ин ҳузур чунон ҳисшаванда буд! Он вақт бори аввал маънои ин табрики фисҳӣ барои ман ошкор шуд: ҳеҷ хушбахтие бартар аз „Масеҳ эҳё шуд!“ нест. Масеҳи эҳёшуда моро низ эҳё хоҳад намуд, ва ман бовар мекунам, ки ҳангоме мемирам, Масеҳ маро дар замин намегузорад, балки то абад ба назди худ мегирад. Ва ман ин вохӯриро интизорам.
- Тоҷикӣ