
Инро бубин, биомӯз ва иҷро намо. Масеҳиёни зиёд ба тарафи техникии иҷроиши Навиштаҳо диққат мекунанд. Дар «Китоби Муқаддаси худро аз сар гузаронед» Макдауэллҳо тарҳи асли Худоро эълон мекунанд — худи Навиштаҷотро, ки барои Худо роҳе мебошад, ки Худро кушояд, ҳамин тавр Ӯ метавонад аз муносибат бо одамон шодмон гардад.
Муаллифон нишон медиҳанд, чӣ тавр Китоби Муқаддас метавонад ба таври қатъӣ ҳаёти имондоронро тағйир диҳад:
- Наздикӣ. Худо одамонро чунон офарид, ки муносибати наздик бо Ӯ ягона барояшон ягона роҳи ҳаёти пурмаъно доштан бошад. Каломи навиштаи Ӯ чунин муносибатҳоро имконпазир мегардонад.
- Таҷрибаи муносибатҳо. Мо бояд ба фармонҳои Худо итоат намоем. Лекин Ӯ инчунин мехоҳад, ки мо бо Ӯ ва дигар имондорон дар муносибат чизҳои ба монанди қабулшавӣ, хурсандӣ ва тасаллиро таҷриба кунем.
- Дар муҳаббат нашъунамо ёфтан. Ҷош ва Шон нақши Рӯҳулқудсро дар равшан кардани Навиштаҷот қайд мекунанд. Онҳо асбобҳои тасдиқшударо ба кӯмаки хонандагон пешниҳод мекунанд, то ки биомӯзанд ва «каломи ҳақиқатро дуруст истифода баранд». Пеш аз ҳама онҳо таъкид мекунанд, ки омӯзиш ин сафарест, ки ба масеҳиён ёрӣ медиҳад, ки Муаллифи Китоби Муқаддас, Худи Худоро самимона дӯст доранд.
Вақте ки масеҳиён Китоби Муқаддасро ва муносибатро бо Муаллифи он аз сар мегузаронанд, онҳо ҳикмат, маъно ва пуррагиро дар ҳаёт пайдо мекунанд.
Асбоби калидӣ барои шубонон, роҳбарон, волидайн ва коркунон бо ҷавонон — ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд масеҳиятеро, ки Китоби Муқаддас мекушояд, масеҳиятеро, ки ҳаёт ва фарҳангро табдил медиҳад, эълон ва таҷриба намоянд.