Ман маҳз, ана ҳамин тасвияро дар назар доштам, вақте ки ба ин китоб „Симои Ӯ... симои ман” ном гузоштам. Бо суханони дигар гӯем, симои ботинии солим маънои онро дорад, ки мо бояд худро воқеъбинона баҳо диҳем, он тавре ки дар Каломи Худо моро тасвир кардаанд. Ман суханҳои „на кам, на зиёд”-ро илова мекунам, чунки баъзеҳо ақида дар бораи худро каме болотар мебардоранд, ё муҳобот мекунанд, дигарон бошанд, баръакс ба худ баҳои мувофиқ намедиҳанд (фурӯтании бардурӯғ). Баъзан ин натиҷаи ғурур аст, дар ҳолатҳои дигар аз норасоӣ ва кам будани дониш рӯй медиҳад. Мо ба нуқтаи назари воқеъбинона ва библиявӣ мӯҳтоҷем.
Фарҳанги ҳозира дар ҳама кор аз мо амали ғайрибиблиявиро талаб мекунад. Аксар вақт изҳоротҳо дар бораи инсондӯстӣ карда мешаванд, ки метавонанд чун библиявӣ садо диҳанд, аммо дар асл аз заминаву асоси Китоби Муқаддас холӣ ҳастанд. Баъзе аз чунин тасдиқотҳо бениҳоят бузург мебошанд. Аз ин лаҳза сар карда, мо тавсияи зикршударо қабул менамоем: „худро он гуна дидан лозим аст, ки Худо шуморо мебинад – на кам, на зиёд”. Ҳамин тавр, дар мо тасаввуроти дурусти библиявии эҳсосотӣ ва ақлӣ дар бораи худ хоҳанд буд.
- Тоҷикӣ