KITABI-KNIGI

Бигзор обҳо хурӯш кунанд

Георгий Винс
Читать

Шумо нашри нахустини ин китобро бо забони тоҷикӣ, дар даст медоред. Георгий Винс онро дар ИМА дар соли 1989, бо забони англисӣ барои ахборот додани масеҳиёни Ғарб аз он ки, озодии дин дар паси «пардаи оҳанин» аслан дар кадом вазъият қарор дорад, таълиф намуда аз чоп баровардааст. Ин китоб дар бораи масеҳиёни инҷилӣ мебошад, ки бо вуҷуди таъқиботҳо, маҳбасхонаҳо, лагерҳо, шиканҷаҳо, корҳои пуразоб ва бисёр чизҳои дигар, ки сохти коммунистӣ ба имондорони масеҳӣ фурӯ резондааст, ба ҳамаи ин тоб оварда тавонистанд ва бо Худованд вафодор мондаанд. Зиёда аз ду даҳсола паси сар шуд, империяи советӣ барҳам хӯрд, сохти атеистии бехудоӣ сарнагун гашт, аммо қиссаи ҳаёти ин одамон, таҷрибаи онҳо имрӯз махсусан воқеӣ ва арзишнок мебошад, вақте ки дар аксарият гӯшаҳои тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла дар баъзе мамлакатҳои собиқ ИҶШС (СССР), масеҳиёнро таъқиб мекунанд. Аксарият одамоне, ки қиссаҳои онҳоро дар ин китоб пайдо хоҳед кард, аллакай ба абадият рафтаанд, лекин шахсоне ҳастанд, ки хизмати худро дар киштзори Худо ҳанӯз давом медиҳанд. Дар ин китоб шумо аз азобҳо ва зафарҳо, таассуротҳо ва шодии нафароне, ки роҳи заминии худро ба Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ бахшидаанд, огоҳ мегардед.

  1. let-the-waters-roar--tg
    pdf
    Открыть
  2. let-the-waters-roar--tg
    epub
    Скачать