Дар ҳоле ки аксарияти мо дар бораи азобу азияти масеҳиён ба хотири имонашон шунидаем, мо асосан фикр мекунем, ки “таъқибот” фақат дар замонҳои гузашта ба имондорон таъсир мерасонд ё имрӯзҳо дар байни халқиятҳои душмане, ки аз зиндагии ҳаррӯзаи мо дур аст, ба назар мерасад. Вале ин китоби чашмкушод қадамҳои гуногуни таъқиботро тасвир менамояд ва мефаҳмонад, ки азобу машақат як чизест, ки ҳама пайравони Роҳи Ҳақиқат дар ин ҷаҳони ба гуноҳ афтода бояд интизорашон бошанд. “Мушкилот дар роҳ” на танҳо ба хонандагон ёрӣ медиҳад, ки таъқиботро дар шаклҳояш эътироф кунанд, балки имкон бахшад, ки бар зидди он истодагарӣ кунанд. Китоби мазкур масеҳияти “сустиродаро” ташвиқ намекунад, балки баръакс имони ғалабакунандаву устуворро, ки ҳатто бо дарвозаҳои дӯзах рӯ ба рӯ шуда, на танҳо зинда мемонад, балки гулафшон мегардад.
Муаллиф Флойд Броббел, ки аз таҷрибаи бисёрсолаи кори худ бо масеҳиёни зери таъқибот дар ҷойҳои дуру наздик, шуморо даъват мекунад, ки
- Дар ин ҷаҳони бехудо мақсади Худоро барои Калисои Ӯ бифаҳмем
- Кашф намоед, ки чӣ тавр Масеҳ таъқиботро аз сар мегузаронд ва ба онҳо аксуламал мекард
- Дарк кунед, ки чӣ тавр пайравони Ӯ чӣ дар гузашта ва чӣ ҳозира дар азобҳои Масеҳ ба Ӯ тақлид мекунанд
- Бифаҳмед, ки чӣ тавр таъқибот кӯшиши монеа шуданро ба имони масеҳӣ ва шаҳодати он мешавад
- Биомӯзед, ки чӣ тавр ба ҳар навъ таъқибот бо муҳаббати дилпурона ҷавоб диҳед.