KITABI-KNIGI

Барои чӣ мо ҳаётро интихоб менамоем?

Рэнди Алкорн
Читать

Ҳаёти инсон оғоз меёбад…Кадом вақт?

Ҳоло мавзӯъеро пайдо кардан ба гумон аст, ки ин қадар баҳсхоро ба миён меорад ва инчунин ақлҳои одамиро ба изтироб меандозад, чун мавзӯи исқоти ҳамл. Аксарият чунин меҳисобанд, ки бояд интихоб намоем, то дар фикри кӣ бошем: дар фикри модарон ё дар фикри тифлон. Муаллифи ин китоб нишон медиҳад, ки ҳам дар хусуси инҳо ва ҳам дар хусуси онхо фикр кардан зарур аст. Бо саҳмгузории чуқур, дар шакли мухтассар ва нозук, ба ҳақиқат такя намуда, Рэнди Алкорн оид ба масъалаҳои асосие, ки бо исқоти ҳамл алоқаманд мебошанд, ҷавоб медиҳад.

Дар тасвир, ки дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст, амалиёти ҷарроҳии Сара Мери Суитзер, ҷанини бистучорҳафтаинае, ки ҳанӯз ба дунё наомадааст ва нуқсони ташаккулёбии сутунмӯҳраро дорад, тасвир ёфтааст. Сара, ки дар сурат бо дасташ ангушти ҷарроҳро медорад, аз нав ба батни модар гузошта шуда буд ва баъд аз ду моҳ, нуҳ ҳафта пеш аз мӯҳлат ба дунё омад.

Ин сурати ултрасадоии сеандозаи ҷанин, ки баъд аз 21 ҳафтаи баъди бордоршавӣ, яъне тақрибан дар нисфи мӯҳлати давраи ҳомиладорӣ мебошад. Технологияҳои муосир ба мо имконият медиҳанд, ки ба батни модар назар андозем ва ин дар реша тасаввуротӣ исқоти ҳамлро тағйир медиҳад.

  1. why-pro-life--tg
    pdf
    Открыть
  2. why-pro-life--tg
    epub
    Скачать
Языки
Категории