KITABI-KNIGI

Якдигарро дӯст доред: 6 дарс

Алфа ва Омега, Реҷеп ва Лайла Айдин
Читать

Агар нисбат ба якдигар муҳаббат дошта бошед, ҳама хоҳанд фаҳмид, ки шумо шогирдони Ман ҳастед. Юҳанно 13:35

Мо медонем, ки мо бояд якдигарро дӯст дорем, аммо бисёр вақт ин кор бароямон хеле душвор аст. Муносибатҳои вайроншуда на танҳо ҳаёти калисоро вайрон мекунанд, балки монеа мешаванд, ки дигар одамон ба шинохтани Исо набиёянд.

Ин шаш дарс ба шумо ёрдам мекунад, ки якдигарро дар оила ва калисои худ бештар дӯст доред. Ин дарсҳо аз мавзӯъҳои зерин иборатанд: - пайравӣ кардани Чӯпони нек — ин асос аст, ки аз барои он шумо дигаронро дӯст дошта метавонед. - нағз гӯш кардан — калонтарин исботи муҳаббати шумо. - фаҳмидан ва нишон додани ҳиссиёти худ — то ки он моро идора накунад. - гуноҳро нағз мазаммат кардан — то ки шумо ба якдигар дар роҳи муқаддасшавӣ ёрдам кунед. - ҳалли ҷанҷолҳо — то ки шумо иҷозат надиҳед, ки дар калисо ё оилаи шумо ҷанҷол зиёд шавад. - фаҳмидани ғаму андӯҳ — то ки шумо тавонед ба таври дуруст андӯҳгин шавед ва ба дигарон дар ғаму ғассаи онҳо ёрдам кунед.

Ин дарсҳо тавре таҳия шудаанд, ки ҳангоми дар амал истифода бурдани фикрҳои он мехоҳед онро боз ва боз омӯзед. Он гоҳ ҳама хоҳанд донист, ки шумо дар ҳақиқат шогирдони Исо ҳастед!

Часть коллекции

Алфа ва Омега

  1. Бознигарии Китоби Муқаддас

    Алфа ва Омега; Реҷеп ва Лэйла Айдин

  2. Такрори Шариат: 14 дарс

    Алфа ва Омега, Реҷеп ва Лайла Айдин

  3. Якдигарро дӯст доред: 6 дарс

    Алфа ва Омега, Реҷеп ва Лайла Айдин